Commerce bank may-june 2026
Ба пешбарии духтурони беҳтарин ба озмуни “Табиби сол-2026” ҳамагӣ 10 рӯз монд
20.07.2026
Оила
43

Ба пешбарии духтурони беҳтарин ба озмуни “Табиби сол-2026” ҳамагӣ 10 рӯз монд
То анҷоми марҳилаи пешазфиналии қабули фикру мулоҳизаҳо ҳамагӣ даҳ рӯз боқӣ мондааст. Озмунро ба ҳисобкунии баръакс оғоз кард! Фикру мулоҳизаҳои Шумо аҳамияти калон доранд!

30 июл марҳилаи пешазфинали қабули фикру мулоҳизаҳо барои дастгирии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» ба анҷом мерасад.

Дар платформаи САМТ беҳтарин табибон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҷамъ омадаанд.

Агар Шумо ё наздиконатон бемори табибе буда бошед, ки ба Шумо кумак кардааст, дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ намудааст, ташхиси дуруст гузоштааст ё танҳо муносибати самимӣ ва инсондӯстона нишон додааст, ҳоло вақти он расидааст, ки ба ӯ «сипос» бигӯед.

Фикру мулоҳизаи Шумо ин ианҳо чанд ҷумла нест. Ин:

❤️ суханони сипос ба табиб;

🏆 кумак барои бештар шинохта шудани табибон;

👨‍⚕️ кумак ба дигар беморон дар интихоби мутахассиси муносиб.

Сипосгузориро ба таъхир намонед. Пас аз 30 июл марҳилаи пешазфиналии қабули ройгони фикру мулоҳизаҳо ба анҷом мерасад.

Имрӯз табиби худро дастгирӣ намоед ва фикру мулоҳизаи худро дар платформаи www.samt.tj гузоред.

Аз ҳамаи онҳое, ки барои муаррифии табибони арзандаи Тоҷикистон саҳм мегузоранд, самимона сипосгузорем!

Ёдовар мешавем, ки озмун аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии техникии ҶДММ «Фазои имконот» баргузор мегардад.

Аз баргузории озмун FHI 360 ва ҶДММ «Тибтаҷҳизот» дастгирӣ менамоянд. Шарикони иттилоотии озмун гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва «Оила», шарики эҷодӣ агентии таблиғотии JobaJo, шарикони логистикӣ Маркази рушди зеҳн (CID) ва шарикони рақамии озмун ИТ Парк Душанбе, платформаҳои САМТ ва Касбнамо мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД