Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои кор ба Корея даъват намудааст.
Муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ дар бахши сохтмон, истеҳсолот, саноати хӯрокворӣ ва кишоварзӣ кор мекунанд. Бақайдгирии электронии муҳоҷирон барои супоридани имтиҳони EPS-TOPIK ва кор дар Кореяи Ҷанубӣ аз 10-уми август дар Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 воқеъ гаштааст, оғоз меёбад. Маблағи имтиҳон 330 сомонӣ муқаррар шудааст.
Барои кор дар Куриёи Ҷанубӣ шахсони аз 18 то 39-сола, ки забони куриёиро медонанд ва қудрати супурдани имтиҳони EPS-TOPIK-ро доранд, даъват карда мешаванд. Надоштани доғи судӣ, бемориҳои сироятӣ ва ихроҷ аз Куриёи Ҷанубӣ ҳатмист.
Барои сабти ном хоҳишмандон бояд нусхаи электронии шиносномаи хориҷӣ ва акси андозаи 3,5 x 4,5-и худро дар шакли электронӣ бо фони сафед пешниҳод намоянд.
Маълумотро бо ҳарфҳои лотинӣ ворид кардан лозим аст, то бо маълумоти дар шиносномаи хориҷӣ зикрёфта комилан мувофиқат намояд. Роҳ додан ба хатоҳо дар варақаи дархост метавонад боиси роҳ надодани шахс ба имтиҳон гардад ё дар дарёфти раводид - виза мушкилиҳоро пеш орад.
Бори дигар такрор мекунем, ки бақайдгирӣ аз 10-уми август дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80 сурат мегирад. Агар хоҳиши ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, шонси худро аз даст надиҳед!
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шумо метавонед ба рақамҳои 221-39-83 ва 221-39-67 занг занед ё тариқи WhatsApp ва Telegram ба рақами 93-093-49-94 нависед.