sebiston july new
Барои ҳавасмандӣ чанд навъи стипендия аст
653

Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ба волидони донишҷӯёне, ки хубу аъло таҳсил карда, одобу рафтори намунавӣ доранд, СМС-паёмакҳои миннатдорӣ мефиристад. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи миллӣ Хушвақтзода Қобилҷон зимни нишасти хабарӣ таъкид кард.

Ӯ гуфт, имсол аввалин маротиба ба 2000 нафар донишҷӯёне, ки сессияи имтиҳониро бо баҳои аъло ҷамбаст намуданд, ба волидайни онҳо тариқи СМС паёмак-сипоснома аз ҷониби ректори Донишгоҳ фиристода шуд.

Тибқи иттилои ректор, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон 14 факултет, 125 кафедра ва зиёда аз 22000 нафар донишҷӯй дошта, ба онҳо 1329 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Аз ин шумора 12 нафар академик ва 12 нафар узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон буда, 201 нафар устодони донишгоҳ дорои унвони баланди доктор ва профессор, 672 номзади илм, дотсент мебошанд. Шумораи устодони унвондор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 65,6%-ро ташкил менамояд.

Дар соли 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 5038 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 1338 нафар донишгоҳро бо баҳои аъло, 1523 нафар бо баҳои хуб ва 965 нафар ба баҳои хубу аъло хатм кардаанд. Хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби дипломи ягона мегарданд, ки танҳо ба шахсони ин донишгоҳро хатм карда дода мешавад.

Барои ба омӯзиши илму дониш бештар ҳавасманд гардонидани ҷавонон барои донишҷӯёни аълохон 447 сомонӣ ва барои касоне, ки хубу аъло мехонанд 324 сомонӣ стипендия муқаррар гаштааст.

Бар замми ин, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 55 стипендияи номӣ мавҷуд буда, 19 нафар донишҷӯёни аълохони донишгоҳ стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстонро мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД