orienbank akciya
Барои роҳ додани кӯдакон ба клбуҳо ҷазо сахттар шуд
246

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ҷазои сахттар таъин намуданд.

Пештар аз ин, тибқи ин модда барои ба ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин, марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳабдаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешуд.

Аз ҷумла, бо ворид шудани тағйирот ба моддаи 464, банди 1 ва 481 (Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим) дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст. Акнун ин нишондодҳо зиёдтар карда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД