arzon replenishment
Бо хишту чӯб ба сару рӯяш заду...
461

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз як рухдоди ногувор - ҷанҷоли беасос ва ҷароҳат бардоштани як нафар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудаааст, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 5-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30 дақиқа дар назди бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Хуҷанд бо марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо чӯб ва хишти аз ин ҳудуд дарёфт намудааш ба сару рӯяш задааст.

Дар натиҷа, мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД