sebiston july new
Бо Мурод пинҳонӣ никоҳ кунам?
1681


Дилноза ном дорам. Соли гузашта баъди хатми мактаб ба коллеҷи тиббӣ дохил шудам. То хатми мактаб волидонам ба ман телефон нагирифта буданду баъди донишҷӯ шуданам бароям телефон гирифта доданд.

Тавассути телефон бо ҷавоне шинос шудам, дар аввал ӯро дӯст намедоштам. Азбаски то ин дам бо касе ишқварзӣ накарда будам, оҳиста-оҳиста Муродро сахт дӯст доштам. Дӯстдоштаам 23-сола буду дар шаҳри Маскав қарор дошт.

Вақте аз муҳоҷират омад, бо ҳам вохӯрда, аҳду паймони муҳаббат бастем, вале диққат додам, ки баъди ба хонаашон омаданаш ошиқам шабҳо телефонашро мекушад. Мурод гуфта буд, ки дар оила 2 писар ҳастанд, вале баъдан хабар ёфтам, ки 3 писар будаанд.

Ин фиребашро бахшида бошам ҳам, дарк намудам, ки гапҳои дигари гуфтааш низ шояд фиреб бошанд. Чанд маротиба пурсидам, ки мабодо оиладор бошад, вале не мегуфт. Телефонашро бошад, ҳамоно аксари шабҳо хомӯш мекард. Боре гуфтам, ки агар зан доштанашро фаҳмам, даст ба худкушӣ мезанам.

Аз ин гапам тарсида, иқрор шуд, ки зан доштаасту барои нисбати модараш беҳурматӣ зоҳир карданаш ҷудо шудаанд. Баъди чанде боз тавалло намудам, ки ба ман росташро гӯяд, бигзор ҳақиқат талх бошад ҳам, аз ӯ намеранҷам. Қасам хӯрда гуфт, ки занаш таваллуд карда наметавонаду азбаски падараш гирифтори бемории саратон аст, наметавонад ҷавобашро диҳад.

Мурод пешниҳод намуд, ки маро дар хонаи худамон никоҳ карда мегираду баъдан ба Русия рафта, кор карда хона мехарад. Аз фикру хаёли зиёд девона мешавам. Атрофиёнам маслиҳат медиҳанд, ки ба ин пешниҳоди ошиқам розӣ шавам, вале намехоҳам зиндагии зани дигареро вайрон созам. Шукри Худо ягон айбу нуқсон надорам, нав ба синни 19 қадам гузоштам, вале Муродро сахт дуст медорам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

М, аз Данғара.
Аз идора
Хоҳари азиз! Ҳаргиз ин пешниҳоди ошиқатонро қабул накунед. Шумо худатон иқрор шудаед, ки ин ҷавон ҳамеша дурӯғ мегуфт. Аввалан дар заминаи бадбахтии шахси дигар ҳаргиз қасри бахт сохта намешавад, баъдан маълум нест, ки баъди никоҳи пинҳонӣ кардан ин мард бо шумо чанд вақт зиндагӣ мекунад.

Аксари мардон аз рӯйи ҳавою ҳавас зани дуюм мегиранд ва ҳамин ки тасфи дилашон паст шуд, ба назди ҳамсари қонунии худашон бармегарданд. Барои ҳамин ҳаётатонро бо дасти худатон насӯзед. Шумо ҳанӯз хеле ҷавон ҳастед ва бахтатонро албатта меёбед. Шавҳар, ки кардед, он вақт чи будани ишқи ҳақиқиро мефаҳмед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД