sebiston july new
Бо як байт ба Мурод ошиқ шудаму...
1263

Саломи гарми худро ба сомонаи дӯстдоштаам Оила.ТЧ мерасонам. Дар давоми рӯз кору бори хонадорӣ камтар, ки шуд, интернети телефонамро фаъол карда, аввал ба сомонаи Оила.ТЧ медароям. Дар ин сомона ба ман рубрикаҳои “Қиссаи шаб”, “Нома”, “Дастархон”, “Зебоӣ” ва “Ислом” бештар писанданд.

Номаҳои бисёреро хонда, аз саргузашти талхи баъзеашон ғамгину аз қисмати ширини дигарӣ шод мешавам. Акнун мехоҳам, ки ба шумо қиссаи зиндагиамро нақл намоям.

Дар синфи мо Муродро ҳама ҳамсинфон “бачаи баодоб” мегуфтанд. Мурод ба дарсҳо доим тайёр буд. Дар ҳақиқат рафтору гуфтораш намунаи ибрат барои дигар писарҳо дониста мешуд. Мурод ба чашми ҳеҷ касе аз мо нигоҳ намекарду хеле кам бо духтарон гап мезад. Ман ку тамоман бо ӯ дар ягон мавзуъ ҳамгап нашуда будам.

Қарибии хатми мактаб буд. Мурод як рӯз як коғазро рост ба дастам оварда доду “ба ҳеҷ кас нагӯ” гуфта рафт. Коғазро гирифта, даруни китобам мондаму хона омада, кушодам. Дар он навишта шуда буд:

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,
Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад.

Ман Муродро бо як байт дӯст доштам. Мо бо ҳам аҳду паймон баста, чанд моҳ пас тӯй шудем. Дар зиндагонии якҷоя хушбахту шукргузорем ва ду писару ду духтари нозанин дорем. Қариб 20 сол мешаваду ҳанӯз ҳам байти навиштаи Муродро ба ёд оварда, худро дар мактаб, дар ҳолате, ки Мурод хатро бо саросемагӣ ба дастам медод, тасаввур мекунам.

БИБИОИША, аз ноҳияи Айнӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД