Arzon march 2024
Болоравии нархи оби полезӣ ба миқдори150%
364

 

Шуруъ аз имрӯз арзиши истифодаи об дар Тоҷикистон қиммат шуд.

Акнун ҳар 1 куб метри он 5 дирам нарх дорад, дар ҳоле, ки то кунун арзишаш ҳамагӣ 2 дирам буд.

Гуфта мешавад, ки тағйир додани нарх бо пешниҳоди сардори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва бо қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст.

“Сабаб зиёд шудани хароҷоти хоҷагиҳои оби шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Болоравии нархи барқ боз ҳам хароҷоти кори моро зиёд мекунад” – шарҳ доданд масъулони Агентӣ.

Деҳқонон мегуянд, ки болоравии нархи об кори онҳоро мушкил намуда, сабаби гарон шудани маҳсулоти кишоварзӣ мегардад, зеро якбора 150% қиммат шудани нарх аз рӯи инсоф нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД