Oila Navruz
скинхед
3795

 

Розия дар Ватан ба тиҷорат машғул буд. Аз дигар ҷумҳуриҳо бор меоварду дар бозорҳо тақсим карда зиндагии худу бародаронашро, ки аз падар барвақт ятим монда буданд, пеш мебурд.

Ҳангоми сӯхтори бозори «Корвон» молҳои нав ба бозор овардаи ӯ ҳам оташ гирифтанд. Розия натанҳо «банкрот», балки сахт қарздор ҳам шуд. Ягона роҳи аз қарз халос шуданро дар муҳоҷират дида, вай ҳамроҳи бародари хурдиаш Ёрмуҳаммад озими Русия гашт.

Дар яке аз бозорҳои шаҳри Новосибирск бо ёриву дастгирии ҳамшаҳриҳо якҷоя кор ёфта хонаеро иҷора гирифт. Акнун ӯ дар бозор ҳамроҳи бародаронаш ба савдои хӯрока машғул буд ва даромади хуб ба даст меовард. Розия таҷрибаи хуби тиҷоратӣ дошт ва ба осонӣ дили харидоронро меёфт. Дигар савдогарон ба чусту чолокии ин ҷавонзани тоҷик ҳасад мебурданд. Апаю додар ҳар моҳ ба модари чашминтизорашон, ки дар Тоҷикистон ду фарзанди Розияро нигоҳубин мекард, пул мефиристоданд. Модар як қисми маблағро сарфи рӯзгор менамуду қисми дигарашро ба қарзхоҳони Розия медод. Дар бадали як сол қарзро пурра адо намуданд. Розия мехост ба Ватан баргардад, вале Ёрмуҳаммад пешниҳод кард, ки боз кор карда захира намоянд.

Розияву бародараш дар Русия аз чизе кам набуданд, хонаи иҷоравиашон каме аз ҷои корашон дуртар буд. Бо «электричка» дар муддати 20 дақиқа омада расанд ҳам, дар байни ҷангалзор будани иҷорахонаашон Розияро ташвиш медод. Аз «электричка» фаромада, онҳо ҳар шаб бо роҳи ҷангалзор ба хобгоҳашон мерафтанд. Бо сабаби аз марказ дуртар буданаш нархи ин хона арзонтар буд ва апаю додар ба он хотир ҳамин манзилро интихоб намуда буданд, ки тезтар аз қарз халос шаванд. Кампираки соҳибхона як вақтҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ карда будааст. Вай Розияву бародараш Ёрмуҳаммадро «земляк» мегуфт. Хушгуфтору хушрафтор будани соҳибхонаро дида, ба чашми Розия дурии роҳ ҳам нанамуд ва яксола иҷорапулиро пешакӣ пардохт намуд, то минбаъд осуда зиндагӣ кунанд, вале…

Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо мисли тамоми бозорҳо савдои онҳо ҳам авҷ мегирифту то бевақтӣ савдо мекарданд. Ҳамон рӯзи наҳс бародараш Ёрмуҳаммад худро каме нотоб ҳис карду пас аз овардани бор роҳи иҷорахонаашонро пеш гирифт, то каме дам бигирад. Ба хона омада чанд дору хурду дароз кашид. Зери таъсири ҳабҳои таскинбахш ба зудӣ хобаш бурд. Вақте, ки аз хоб бедор шуд, аллакай торикӣ фаро расида буд. Ёрмуҳаммад, ки акнун худро сабуку бардам ҳис мекард, зуд шустушӯ карда либосҳои гармашро пӯшиду ба пешвози апааш баромад. Розия аз электричка фаромада бояд аз даруни ҷангалзор мегузашт ва Ёрмуҳаммад бок дошт, ки мабодо дар торикӣ аз ягон дарранда натарсад, вале…

Дар истгоҳ омадани «электричка»-ро интизорӣ мекашид. Истгоҳ ҳар лаҳза пур аз одамон мешуду боз холӣ. Ногоҳ чанд ҷавони сархуши сартарошида пайдо шуданд. Тоссарҳо аввал ба Ёрмуҳаммад гап партофтанд, баъдан якбора ҳуҷум карданд. «Фашистони навбаромад» бачаи бечораро, ки ягона «гуноҳаш» тоҷики сарсиёҳ буданаш буд, чунон лату кӯб карданд аз даҳону бинияш хун фаввора зад, вале ҳанӯз дилашон хунук намешуд. Яке аз фашистони нав пешниҳод кард, ки дасту пояшро бо ресмон баста ӯро зери релси поезд партоянд. Ҳамин вақт «электричка»-и навбатӣ дар истгоҳ қарор гирифту аз он Розияи дунёбехабар баромад. Чашмаш ба бародари ғарқи хунаш афтода ҳуш аз сараш парид. Вай мисли модашер наъра кашида барои наҷоти бародараш давид. Аввал ба хубӣ хоҳиш кард, баъди пеши ноодамон афтода зорӣ намуд, ки бародарашро назананд, пул даркор бошад, вай медиҳад, вале ӯро осуда гузоранд, вале ба гӯши мурда гап медаромаду ба гӯши ин фашистҳои қарни нав на. Дид, ки намешавад ба «ҷавонони сарбур» дарафтод. Розия бо тоссарҳо хеле кашмокаш карда, бародарашро аз зери пои онҳо халос кард. Ёрмуҳаммади дар хун оғуштаро ба як тараф кашола карда, фикр кард, ки бо ҳамин ҷонашон халос шуд, вале хаёлаш хом баромад. Даррандаҳои дупо онҳоро думболагирӣ намуда ин дафъа ба Розия ҳуҷум карданд. Ба зан буданаш нигоҳ накарда ӯро бераҳмона мезаданд. Ёрмуҳаммади «ниммурда» ба ёрии апааш шитофт. Розия аз шаттаву шаллоқи тоссарҳо даҳону биниаш ғарқи хун аз бародараш илтиҷо мекард, ки зудтар гурезад, вале нангу номуси мардӣ ба ҷавон иҷозати фирор карданро надод. Роҳгузарон гӯё чизеро намедидаю намешунида бошанд, аз пеши онҳо беэътиборона гузашта мерафтанд. Барои ягон кас аҳамият надошт, ки тоссарҳо ин ду сарсиёҳро мекушанд ё пӯсташонро зинда ба зинда аз танашон мекананд.

Ҷавонфашистон акнун натанҳо Розия, балки Ёрмуҳаммадро низ дубора зери шаттаву шаллоқ гирифта буданд ва бо болғаву арматур мезаданд. Апаю додар беҳушу беҳол, ғарқи хун, дигар на даст мекашиданду на пой. Бо дидани мошини полис гургҳои дупо дар як лаҳза аз ҷои воқеа ғайб заданд.

Мошини «Ёрии таъҷилӣ» Розияву бародарашро ба беморхона бурд, вале ҳанӯз ба бемористон нарасида, Ёрмуҳаммади ҷавон, ки нав ба баҳори бистуми умраш қадам гузошта буд, ҷон ба ҷонофарин супурд. Розияи нокоми чилсола дар беморхона мурд. Ҷасади ду муҳоҷири ҷавони тоҷикро, ки барои дарёфти маблағ ба Русия рафта буданд, ба Тоҷикистон оварданд. Модари зору ҷигарпора ва кӯдакони ҳайрону сағирмондаи Розия рӯю мӯяшонро канда нола мекарданд. Ҷигарбандони Розия дар мотами модару модари пираш дар ғами фарзандони саргардони гулгулкафанаш хун мегиристанд, вале тақдири талхро тадбир набуд…

Р/С Қисса воқеӣ буда қаҳрамононаш аз як деҳаи ноҳияи Файзободанд

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД