goodwell
Боздошт барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт
02.07.2026
Oila.tj
49

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар» барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт шаҳрванд Буриев Комрон - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами қайди давлатиаш 4299VV01 боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиши наворҳои камераҳои назоратӣ муайян карда шудааст, ки номбурда муддатест рақами қисми қафои воситаи нақлиётро кушода гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст.

Нисбати Буриев К. бо моддаи 312-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шудааст.

Аз ронандагон талаб карда мешавад, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД