Кормандони милитсия ҷавонеро боздошт намудаанд, ки гуфта мешавад, чанд мошини бегонаро фурӯхта, пулашро хӯрдааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ҳумоюни Муродалӣ, соли таваллудаш 1990, дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре дар хабар омадааст, ин ҷавон бо роҳи фиреб воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро ба таври ғайринақдӣ гирифта, ба фурӯш мегузоштааст ва аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст оварда, ба соҳибони аслии мошинҳо пул намедодааст. Айни замон 6 ҳолати кирдорҳои қаллобии Ҳумоюни Муродалӣ ошкор шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати Ҳумоюни Муродалӣ бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Шаҳрвандоне, ки аз чунин амалҳои Ҳумоюни М. ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.