Кормандони милитсия як гурӯҳ ҷавононро бо гумони шишаҳои мошинҳоро шикастану пул ва дигар ашёҳои гаронбаҳоро ғорат кардан боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
“Аз ҷумла, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрвандон Ахмедов Насимҷон ва Шерматзода Сафаралӣ, инчунин ноболиғон Ҷононов Б. ва Пиров М., сокинони шаҳри Ҳисорро дастгир намуданд. Гумонбарон дар ҳудуди шаҳри Душанбе тариқи пинҳонӣ тирезаҳои воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро шикаста, аз дохили онҳо маблағҳои гуногун ва амволи арзишманди шаҳрвандонро рабудаанд”,- омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки айни замон 15 далели дуздии дастгиршудагон ошкор карда шудааст. Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурдагон ҷабр дидаанд, хоҳиш кардааст, ки тавассути рақами (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.