goodwell
Боздошти як корманди суд бо гумони қаллобӣ ва порахӯрӣ
125

Дар ноҳияи Спитамен як корманди судро бо гумони қаллобӣ ва порахӯрӣ ба маблағи 113 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, собиқ нозир - коргузори Суди ноҳияи Спитамен Зафар Шавкатзода барои татбиқи ҷазои сабуктар аз наздикони як гумонбар 6 ҳазор доллар талаб карда, гирифтааст.

“Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шавкатзода З. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи нозир - коргузор дар Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кору фаъолият намуда, моҳи феврали соли 2026 шаҳрванд С. И. С. ба ӯ дар хусуси мусоидат кардан ҷиҳати таъин намудани ҷазои нисбатан сабук ба шиносаш - судшаванда А. У. М., ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо моддаи 110, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии Суди ноҳияи Спитамен қарор дошт, муроҷиат кардааст. Шавкатзода З. дидаву дониста, ки ҳамчун нозир - коргузор ба судшаванда А. У. М. вобаста ба таъини ҷазо мусоидат карда наметавонад, аз вазъияти муносиб истифода бурда, барои иҷрои амали мазкур аз С. И. С. 6000 доллари ИМА-ро талаб карда, маблағи зикршударо дар чанд ҳолат гирифта, тасарруф намудааст”,- омадааст дар хабари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Суди ноҳияи Спитамен Зафар Шавкатзодаро барои қаллобӣ ба андозаи 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима кардааст, ки 113 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Шавкатзода ҳамчунин ба муҳлати ду сол аз ҳуқуқи кор дар мақомоти судӣ маҳрум карда шудааст.  

Гуфта мешавад, ки мавсуф аз болои ҳукми додгоҳ шикоят карда, парванда дар марҳилаи кассатсионӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД