Кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт як ҷавонзани 34-соларо бо гумони содир намудани ҷинояти вазнини одамкушӣ дастгир кардаанд. Боздоштшуда Шарофати Ҷамолиддин дар куштори ошиқаш гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, гумонбаршуда Шарофати Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1992, бо сокини 61-солаи шаҳри Душанбе, марҳум Иноятов А. муносибатҳои маҳрамона доштааст. Шаби 13-уми июн онҳо дар манзили иҷоравии зан, ки дар кӯчаи Назрибеков воқеъ гаштааст, ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шудаанд ва дар ҳолати мастӣ байнашон муноқиша сар зада, дар рафти моҷаро гумонбаршаванда Шарофати Ҷ. бо истифода аз корди ошхонагӣ ба узвҳои гуногуни бадани марҳум зарба зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Айни замон гумонбаршаванда Шарофати Ҷамолиддин дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.