Commerc banl
CAFA-2026: мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон дар чемпионат иштирок мекунад
16.03.2026
Oila.tj
31

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок хоҳад кард. Ин мусобиқа зери сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуда, аз 4 то 14-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҷаъфар Ахмедов ширкат мекунад.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур аввалин мусобиқа дар соли 2026 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) буда, дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар баробари тими наврасони Тоҷикистон, дар ин чемпионат инчунин мунтахабҳои наврасони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.

Интизор меравад, ки бозиҳо бо иштироки беҳтарин истеъдодҳои ҷавони минтақа баргузор шуда, барои рушди футболи наврасон саҳми муҳим гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки формати ниҳоии баргузории мусобиқа дар рӯзҳои наздик муайян ва эълон карда мешавад. Бо вуҷуди ин, омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон аллакай оғоз гардида, ҳайати даста барои ҳузури шоиста дар ин мусобиқаи минтақавӣ тамринҳои ҷиддӣ анҷом медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД