sebiston july new
"ЧАК-ЧАК"-И САБИНҶОНДА БИЁ БАЧА!
2547


- Сабинҷон, Шуморо ба ошхонаи “ Оила” хуш омадед мегӯяем ва иди Қурбонро бароятон муборак менамоем.

- Ташаккур! Ба шумо ва мухлисони сомонаи Оила ТҶ низ иди бузурги Қурбонро самимона муборак мегӯям, бигзор танашон сиҳату дастархонашон пур аз бараккат бошад.

- Шумо дар саҳифаи иҷтимоии худ бештар аз таҳияи хӯрокҳои миллӣ навор пахш мекунед. Имрӯз барои сомонаи Оила.ТЧ чӣ хӯроки миллиро пешниҳод карда метавонед?

- Ташаккур, барои он ки маро ба сомонаи Оила.ТЧ даъват кардед. Ман пухтани ҳар гуна хӯрокҳои миллиро дӯст медорам ва ин навбат мехоҳам, барои бонувони ҳаммиллатам тарзи омода кардану пухтани чак-чакро нишон диҳам.
-Марҳамат!

Маҳсулоти лозима:
- 1 дона тухм
- Намак,
- Хокаи ковоккунанда
- 100 г орд,
- 100г. шири қиёмшуда.
- Чормағз, кунҷид ё хокаи какао. (ороиш ба тарзи дилхоҳ)

Тарзи таҳия:
Дар зарф тухмро шикаста, каме намак ва хокаи ковоккунандаро андохта, баъдан ордро меандозему то сахт шуданаш омехта мекунем. Хамирро 20 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан тунук мекунем ва қабат- қабат мебурем. Тарзи буридани хамир ҳам аз хаёлбофии шумо вобаста аст. Дар алов равғанро гузошта, гарм мекунему хамирҳои буридашударо андохта, 20-30 соня нигоҳ дошта мебардорем. Баъд шири қиёмшударо ба болояш мерезему чормағз ё кунҷид ва ё дигар хокаҳои ороишдиҳандаро илова мекунем.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД