13 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эронро дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил тариқи марзи Озарбойҷон тарк кардаанд.
Дар ин бора хабаргузории “Report“ гузориш дода, навиштааст, ки онҳо тавассути гузаргоҳи марзии “Астара” ба Озарбойҷон ворид шудаанд. Гуфта мешавад, ки зодагони Тоҷикистон ба Озарбойҷон барои имконияти убури марз арзи сипос намудаанд.
Қаблан Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳрвандони кишварамон, ки дар Эрон қарор доранд, хоҳиш карда буд, ки Эронро тарк намоянд.