Arzon march 2024
Чаро духтари миллионер гадо шуд? Қисми 2
01.06.2022
ОИЛА
1685

                               Бойдухтари гадо

Падараш, ки баъзе вақтҳо ба вай дасти кӯмак дароз мекард, аз сактаи мағзи сар фавтид, додаронаш умуман бо апаи бадномзадаашон рафтуомад намекарданд. Аниса фақат як ҷойи рафт дошт, хонаи модари ман- хеши падараш, тағоҳоям рӯйи хушаш намедоданд, додарони ман низ, аммо модарам ба хотири рӯҳу арвоҳ гуфта, бо ӯ сӯҳбат мекард, гумроҳаш меномид.

Фазои ноҳия барои танфурӯшии духтарони Аниса тангӣ карду онҳо ҳар ду ба Маскав рафтанд. Аниса ба танҳоӣ бори зиндагияшро мекашид, дар як ошхона табақу коса мешӯст, ошиқони кӯҳнааш гоҳ-гоҳ ба суроғаш меомаданд.

Духтари калонияш аз бонке қарз гирифта тиҷорат мекунам гуфту натавонист, Аниса маҷбур хонаву ҳавлияшро фурӯхта, қарзи ӯро доду барои худаш як хоначаи кӯҳнаяке харид. Нав нафаси осуда кашида буд, ки аз зиндон телефон карда гуфтанд, ки ҳамсараш худашро дар зиндон овехтааст. Аниса ҳатто барои овардани ҷасад нарафт, бародарони шавҳараш рафта, ӯро оварда гӯронданд, зану духтаронаш дар мотами падарашон набуданд. Ин ҳама бас набуд, ки Аниса ба бемории қаттоли саратони бачадон гирифтор гашт.

Акнун ҷисмаш дар панҷаи дард месӯхт, ягона ғамгусораш модари ман ва як ҳамсояаш буд. Ҷарроҳии аввалашро ҳақу ҳамсоя пул ғундошта пардохт карданд, модарам низ ба вай ёрӣ мерасонд, духтурони ноҳия диданд, ки намешавад ӯро ба Душанбе фиристонданд…

Ман ба рақамҳои телефони додаи модарам занг задам ва назди даромадгоҳи беморхона мунтазири баромадани Аниса шудам, чандин сол боз ӯро надида будам. Пас аз чанд дақиқа зане лангон-лангон ба ман наздик шуду салом дод, ман Анисаро танҳо аз чашмони кабуди обияш шинохтам. Куҷо он рӯйи сафеду рухсораҳои чун себи хубонӣ, мӯйҳои хурмоии заминрӯб, қомати баланду зебо…..? Дар рӯ ба рӯи ман кампираке буд, лоғарандому хаставу нотамом, бо ӯ саломалейк карда, ба дасташ маблағи муайян ва халтаи селофании хӯрокаро дода гуфтам:

-Аз кор баромадам холаҷон, дафъаи дигар хӯрок пӯхта меорам.

Аниса дар ҷавоб гуфт, ки “фардо ҷавоб мешавам, як коса хӯрокро ҳампалатаҳоям медиҳанд, пул лозим аст, раҳмат…”

Бо ӯ хеле сӯҳбат кардам, бо оби чашм дар бораи аз мағозаҳо ва савдогарони бозори ноҳия барои кимиёдармонӣ пул гадоӣ карданашро мегуфту пеши назарам аёми кӯдакиҳо ҷилвагар мешуданд, зиндагии шоҳонае доштанд Анисаву Муниса…

Аҷаб таззодҳое дорад ҳаёт…                            Нисо      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД