Arzon march 2024
Чаро кӯдакон бештар бемории зарпарвин мешаванд?
4385

Зардпарвин ба гурӯҳи бемориҳои гипотити дохил шуда, дар натиҷаи гирифторшавии шахс ба ин беморӣ, зардӣ бештар ба назар мерасад. Аз ин рӯ дар мардуми мо онро зарпарвин мегӯянд.

Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудани шахс ҳуҷайраҳо ва кори ҷигар вайрон шуда, моддаи билирубинро ба пӯст ва дигар узвҳои бадан медиҳад, ки чашм намоён мешавад. Яъне пӯсти бадан, сафедии чашм луопардаҳо зард шуда, ранги пешоб сурхча, ранги ахлоқ сафед мешавад. Дар баробари ин беморро беҳолӣ бемадорӣ, қайкунӣ, гум шудани иштиҳо, баланд шудани ҳарорати бадан давоми ду ҳафта азият медиҳад.

Зарпарвин дар натиҷаи ба узвҳои дохилӣ ворид шудани вирусҳо пайдо мешавад. Вирусҳо бошад ба воситаи дастони ношӯста, истеъмол кардани сабзавоту меваҷоти ношӯста, бо дастони ношӯста хӯрдани ғизо, оби ноҷӯшида истеъмол намудан ба организми мо ворид шуда, давоми 14 рӯз давраи ниҳоии худро мегузаронанд. Бар замми ин дар фасли тирамоҳ ва зимистон вирусҳо қавӣ шуда, ҳангоми сироят ёфтани шахс ба дигарон сироят мекунад.

зарпарвинннн аск

Чун дар боло сабабҳои гирифторшавии зарпарвинро қайд кардем ва ин ҳолат бештар дар кӯдакон дида мешавад, яъне онҳо дастонашонро ба ҳар ашёҳо расонида боз ба даҳон мебаранд ва барои шикастани ташнагии худ ҳамагуна обҳое, ки ноҷӯшида ҳастанд, истеъмол мекунанд. Аз ин хотир ин беморӣ бештар дар кӯдакон дида мешавад.

Ҳама гуна ташхиси гепатитҳои вирусӣ дар натиҷаи ташхиси махсуси лабораторӣ муайян карда мешавад. Яке сабабҳои ба бемор гирифтор шудани одамон ин вирусҳои сирояткунанда мебошад.

Марҳилаи табобти беморӣ дар зери назорати духтури сироятшинос мегузарад. Зеро вақте фаъолияти ҷигар вайрон шудааст, ҳазми хӯрок низ душвор мегардад. Ба ҳамин хотир ғизоҳои якумро тавсия дода, ҳаракати зиёдро манъ мекунанд. Баъд аз табобати бемории зарпарвин маводҳои доруворие ҳастанд, ки барои пурра барқарор кардани кори ҷигар ва дигар узвҳои ҳозима мусоидат мекунад ва онро бо духтури табобатиатон истеъмол карда метавонед.

Солимии шуморо хоҳонем!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД