Arzon march 2024
Чаро мардҳо арӯсбозӣ мекунанд?
21.01.2023
ОИЛА
1896



Занеро пайдо кардан душвор аст, ки ақаллан боре дар умраш заҳри хиёнати мадро начашида бошад ва хабари арӯсбозии дӯстдошта ва ё шавҳарашро шунида, аз рашк девона нашуда бошад.

Ҳамагон хуб медонанд, ки хиёнат гуноҳи нобахшиданӣ ва захмест, ки ҳеҷ гоҳ аз дилу ёди кас зудуда намешавад, вале дили одаткарда боз иддае аз одамон, хоса мардҳоро ба кӯйи хиёнату бевафоӣ тела медиҳад. Мардҳое ҳастанд, ки дар пеши назари ҳамсарашон ба бонувони дигар гап мепартоянд, ба зан ё духтари ҳамсоя чашм ало мекунанд, хулоса, ҷуфти худро монда домони ёри дигарро медоранд. Сабаб чист? Чаро мардон дарднок будани хиёнатро дидаву дониста арӯсбозӣ мекунанд?

Ғайратшоҳ, савдогари бозор:

Духтарбозӣ аз бобоҳоямон мерос мондааст!

Барои мо фарқаш чист, ки занҳоямон меранҷанд ё мотам мегиранд! Шахсан ман як рӯз арӯсбозӣ накунам, хобам намебарад. Духтарбозӣ ба мо аз бобову бобокалонҳоямон мерос мондааст, агар ин корро накунем, худро мард ҳис намекунем. Ба фикрам чашми маро хоки гӯр ҳам аз тамошои ҳусну ҷамоли духтарҳо сер карда наметавонад. Дар ин дунёи дурӯза ҳамин хӯрдагиву гаштагиат мемонад. Марде, ки дар ҷавонӣ духтарбозӣ намекунад, аслан мард нест! Йигити ҳақиқӣ бояд чанд арӯс дошта бошад.

Саидамир Азизов:
Серҷоғии зан мардро маъшуқабоз мекунад

Айбро дар мардҳо не, дар занон бояд ҷуст, зеро пургӯии зан, чалфасии зан, беҳунарии зан мардро ба кӯйи хиёнат тела медиҳад. Тасаввур кунед, ки мардаки бечора рӯзи дароз кор карда, бегоҳ хаставу лакот ба хона меояд, вале нав қадамашро ба остона гузоштааст, ки зан радиои панҷсӯма барин ба ҷакидан медарояд: дар хона ин нест, он нест, бачаҳо либос надоранд, пули мактабу боғчаро додан лозим…

Асаби бе ин ҳам хастаи мардро вақ-вақи занаш вайрон мекунад. Агар бар замми ҷаккок буданаш зан боз чалфас бошад, мард пояшро монда бо сараш аз ӯ ба ягон гӯшаи дуртар ба назди хонуми меҳрубони тозаву озода мегурезад. Албатта мегӯед, ки маъшуқа ҳам хароҷот мехоҳад? Бале, маъшуқа ҳам хароҷот мехоҳад, вале занҳое, ки зани дуюм ё маъшуқа мешаванд, аз мард чӣ хел пул пурсиданашонро медонанд.

Ин тоифаи занҳо бисёр зирак ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ баробари аз дар даромадан аз гиребони мард намедоранд. Аввал меҳрубонӣ мекунанд, шиками мардро сер мекунанд, дилашро бо бӯсаҳои ширин меёбанд, ана баъд мард худаш бо ду дасти адаб тамоми дороияшро дар пеши пойи ин зани малҳами ҷонаш гашта мерезад.

                   Мунира, ҳамшираи шафқат:
Арӯси шавҳарамро боб кардам!

Шавҳари ман дар Данғара кор мекунад ва дар даҳ рӯз танҳо як бор ба хона омада меравад. Гуфтан мумкин, ки барои фарзандони хурдсолам ман ҳам падар ҳастаму ҳам модар, шавҳарам парвои бачаҳояшро надорад, фикраш танҳо бо бевабозӣ банд аст. Шабе пай бурдам, ки ба телефони шавҳарам пай дар ҳам СМС омада истодаасту вай худро ба кариву кӯрӣ зада нишастааст. Кушода бинед, шояд ягон гапи таъҷилӣ бошад гӯям, бепарвоёна «касе хато карда ба ман СМС мефиристад» гӯён даст афшонд. Ҳис кардам, ки мардакам ба қавли кампиракон рӯяшро сиёҳ карда истодаасту аз кӣ будани паёмакҳоро хуб медонад. Баъди он ки хобаш бурд, телефонро гирифта оҳиста ба хонаи дигар гузаштам. Саҳифаи СМС-ҳоро кушодаму ҳуш аз сарам парид. «Духтарат дар ин ҷо касал шудаасту ту пирхар бошӣ дар бағали гарми зани чалфасат хоб меравӣ, зудтар расида биё, кӯдакро фавран ба духтар бурдан лозим»,- навиштааст зани ношиносе ба шавҳарам. Рақамҳояшро навишта гирифтаму ба худ қавл додам, ки ин беваи шавҳардуздро чунон боб мекунам, ки худаш бале гӯяд. Рӯзи дигар шавҳарам ба Данғара рафт, ман бошам, рақамҳои беваашро ба ҷиянам дода, хоҳиш кардам, ки сарҳисоби шавҳардуздро ёбад. Рухшед бо суханҳои ширин сари маъшуқаи шавҳарамро тоб дода, ӯро ба гап дароварда тамоми суханонашро дар телефон сабт намуд. Пас аз ин рақами телефонашро ба як ҷавони дигари шинос додем. Беваи шӯгадо ба осонӣ ба доми он ҷавон афтид. Маъшуқаашро дар оғӯши марди дигар аккосӣ намуда, дарҳол тариқи вайбер ба шавҳарам фиристодам. Аз афташ хиёнати маъшуқаашро дида шавҳарам аз ӯ дилмонда шудааст, чунки акнун рӯздармиён аз шаҳр, ба хона меояд. Ба тамоми занҳои хиёнатдида маслиҳат медиҳам, ки беҳуда гиряву нола карда, асабҳои худро хароб насозанд. Беҳтараш мисли ман сирру асрори беваҳои шавҳардуздро фош намуда, лаҷоми шавҳаратонро дубора ба дасти худ гиред!

М, хонашин:
Мӯйсафедам занбозӣ мекунаду...

Писарам дар шаҳр хона дорад, вале зану фарзандонаш бо мо зиндагӣ мекунанд. Шавҳарам баъзан калиди хонаи писарамро гирифта ба шаҳр меомад. Дилам ҳамеша дур мерафт, ки ягон бева наёфта бошад. Рӯзе ҳамакаса дар хонаи писарам меҳмон шудем. Келин ош пухта моро зиёфат дод, баъд ҳамроҳи набераҳо ба боғ рафтанӣ шудем. Шавҳарам «тобам нест, шумо равед, ман дар хона дам мегирам» гӯён, баҳона пеш овард. Ҳис кардам, ки дар зери коса ягон нимкоса ҳаст, аз келин хоҳиш намудам, ки диктофони телефонро ба кор дароварда, онро дар ҷойи ноаёне пинҳон карда монад. Хулласи калом, телефонро дар таги диван монда баромада рафтем. Шом аз боғ баргашта оҳистаяк онро гирифтаму ба ҳуҷраи дигар гузаштам. Сабтро шунида қариб девона шуда будам. Шавҳари 65- солаи ман аз мӯйи сафедаш шарм надошта ба ким-кадом беваи танноз чунон хушгӯиҳои бешармона мекард, ки ба такрор карданаш забони кас намегардад. «Занам келину небараҳоро гирифта рафт, тезтар ба ошёнаи панҷум баро, хона хилват аст, ҳардуямон чорта кайф кунем»,- мегуфт ин мӯйсафеди беҳаё. «Яке занут омада, қаври ҳардумона зинда ба зинда накана, ҷон»,- қиқирросзанон ҷавоб медод маъшуқааш. «Натарс, онҳо боғ рафтанд, шом меоянд»,- дили беваашро пур мекард мӯйсафеди шайтонсиратам. «Ма гушнаюм, аввал ягон чиз хурум, баъд»,- ноз мекард он хонуми танноз. «Дар дастат пул бошад, поён фаромада мурғу ҳасиб ва меваю шоколад гирифта биё, ман пулашро ду баробар зиёд медиҳам, ҳаққи хизмататро ҳам мегирӣ»,- ҳотамӣ кардааст мардаки зихнаи ман, ки барои зану фарзандони худаш дар умраш як кило гӯшт намехарад. Ин гуфтугӯи ҷонгудозро шунида аламам омад. Ман як умр хизмати ин мардро карда, барояш бачаву духтари бисёре зоидам, вале дар ҳамин қадар сол бароям ҳатто як ҷӯроб нахарид, имрӯз бошад, ба сари ким-кадом беваи кӯчагӣ пул мепошад. Дилам мехост аз гиребонаш гирифта талоқамро талаб кунам, вале боз хотири фарзандону набераҳоям астағфуриллоҳ гуфтам. Дар айёми пирӣ аз шавҳар ҷудо шудани зани тоҷик айб аст, барои ҳамин ғамамро дар сандуқи дил пинҳон карда, чунон вонамуд месозам, ки гӯё чизеро пай набурдаам. Шавҳари беимонам бошад, ҳамоно бо ҳамсояи бе шавҳари писарамон ишқварзӣ карда мегардад.


Шокирҷон Баротов,
Хиёнати мардон 2 сабаб дорад

Хиёнат кардани мардон ду сабаби асосӣ дорад. Якум: мардоне ҳастанд, ки бо як зан қаноат карда наметавонанд, барои ҳамин домони хонумҳои дигарро дошта, хиёнат мекунанд. Дуюм: дар оила ҳамдигарфаҳмӣ нест. Падари як рафиқам духтарбози ашаддӣ аст. Писараш ҳам аз ӯ ибрат гирифта, «арӯсбозӣ» мекунад. Отаву бача ба ҷойҳои дилхушӣ рафта духтар «шикор» мекунанд. Акнун худатон андеша кун ед. Вақте ки падар дар пеши назари фарзандаш даст ба чунин корҳои пасти фосиқона мезанад, писараш аз ӯ чӣ меомӯзад?! Рафиқам катагӣ карда мегӯяд, ки ману падарам ба фалон ҷо ду арӯсро бурда, дам гирифтем. Падари аҳмақаш мегуфтааст, ки чашми туро дар ҳамин синну сол кушодан лозим, то духтарро аз бева фарқ карда тавонию вақти зангирӣ фиреб нахӯрӣ. Лаънат ба чунин падар!

Аҳлиддин Ҳакимов:
Ҷавонӣ бе ишқбозӣ намешавад

Ман ҳоло оиладор нестам, вале ба фикрам шӯру шари ҷавонӣ мардонро ба вартаи хиёнат тела медиҳад. Одатан вақте гап дар бораи хиёнат меравад, мардҳоро гунаҳкор мекунанд, вале аз рӯйи инсоф бигирӣ, ҳам зан ва ҳам мард баробар гунаҳкоранд. Мард бо мард не, бо зан ишқварзӣ мекунад, пас дар дунё шумораи мардони хиёнаткору занҳои хиёнаткор баробар аст. Инро ба он хотир мегӯям, ки худи ман аллакай як маротиба заҳри хиёнати занро чашидаам. Духтареро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, вале маҳбубаам бойбачаеро ёфту ба рӯйи ишқу муҳаббати поки ман пой гузошта, тамоми умеду орзуҳои ширинамро ба хок яксон намуд. Хиёнати ӯ дили маро аз ҷинси латиф чунон хунук кард, ки ногуфтанӣ. Қасам хӯрдам, ки дигар ба ягон духтар изҳори муҳаббат намекунам. Садқаи ишқи пок шаванд, ин духтарҳои бевафо!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД