formula
Чаро маҳз 1- уми январ рӯзи Соли Нав аст?
653

Соли нави мелодӣ рамзи ба охир расидани як сол ва о-ози соли навбуда, онро аксари халқу миллатҳо ҷашн мегиранд.

Мехоҳед донед, ки чаро ягон ё рӯзи дигар нею маҳз рӯзи 1-январ ҳамчун Соли Нав таҷлил карда мешавад?

Оғози сол аз 1-уми январ аз ҷониби фармонфармои Рум Юлий Цезар дар соли 46 пеш аз мелод ҷорӣ карда шуд. Дар Рими Қадим ин ид ба Янус– худои интихоби дарҳо ва ҳамаи оғозҳо бахшида шуда буд. Аслан моҳи Январ номи худро ба ифтихори худои Янус гирифтааст. Янусро бо ду симо тасвир менамуданд, ки якеаш ба пеш ва дигараш ба— пушт нигоҳ мекард.
Соли Нав дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон
Бисёрии кишварҳо соли Навро рӯзи 1-уми январ, дар рӯзи аввали соли нав бо тақвими Григорий ҷашн мегиранд. Ҷашнгирии соли Нав бо назардошти вақти минтақавӣ ҳамеша дар уқёнуси Ором оғоз мешаванд, соли куҳнаро бошад, сокинони ҷазираҳои Мидуэй гусел менамоянд.

Ногуфта намонад, ки баъзе кишварҳо соли навро аз рӯи тақвими қамарӣ ҷашн мегиранд.
1 январ — соли Нав аз рӯи тақвими Григорий мебошад (ба таври расмӣ).

Яке аз рӯзҳои байни 21 январ ва 21 феврал — Соли Нави Чинӣ мебошад.
21- 22 март — соли Нави Эронӣ (Эрон).
14 апрел — соли Нави Банғолӣ (Бангладеш) аст.
163 рӯз пас аз Песаха (на барвақттар аз 5 сентябр ва на дертар аз 5 октябр) — ҷашни Яҳудии Рош ха-Шана мебошад (Исроил).

Таърихи пайдоиши Соли Нав

То асри XV дар Руси қадим соли нав на 1-уми январ, балки аз 1 март (ба мисли Рими Қадим) ҷашн гирифта мешуд, зеро тибқи баъзе тақвимҳо дар ҳамин рӯзҳо вақти пуррагии моҳ фаро мерасад. Дар Византия бошад, соли навро 1-сентябр аз рӯи тақвими Юлий ҷашн мегирифтанд. Аз соли 1492 санаи расмӣ барои ҷашнгирии Соли Нав мувофиқи тақвими калисо 1-сентябр муайян шуд.

Маълумотҳои расмӣ оиди ҷашнгирии Соли Нав аз охирҳои асри XV пайдо шуданд, масалан “Луғати Парижи московитҳо” номи русии ҷашни солинавиро ҳамчун Рӯзи аввали сол нигоҳ доштааст.

Аз соли 1700 дар асоси фармони Петри I Соли Навро дар Русия ба мисли дигар кишварҳои Аврупо, рӯзи 1-январ ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Дар асоси Қонун аз 2-июни соли 1897 «Оиди тақсимкунии давомнокии рӯзҳои корӣ дар муассисаҳои фабрикаву заводҳо ва саноати куҳӣ» рӯзи 1-январ рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд.

Аз соли 1919 сар карда соли навро дар Русия мувофиқи тақвими Григорианӣ ҷашн гирифтанд. Аз соли 1930 то соли 1947 бошад рӯзи 1-январ дар СССР рӯзи одии корӣ буд. 23- декабри соли 1947 рӯзи 1-январ ҳамчун Соли Нав рӯзи истироҳатӣ эълон шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД