arzon replenishment
Чаро оилаҳои ҷавон пош мехӯранд?
1362


Пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҳамчун мавзӯи нигаронкунанда дар ҷомеа боқӣ мондааст. Нофаҳмӣ байни духтару писар ва ё дахолати кадом як аъзои хонавода, сабаби барҳам хӯрдани оилаи ҷавон мегардаду баъзан мутаассифона ин нофаҳмиҳо кӯдакони нимятимро ба мерос мемонад.

Солимии оиларо солимии ҷомеа медонанд, пас вақте ҷавонон ба ҳамдигар созиш намекунанду зиндагии худро барбод медиҳанд, натанҳо ба худашон осеб мезананд, балки сабаби костагии маърифат дар ҷомеа мешаванд. Зеро хонавайронӣ, ҷуз хароб кардани руҳия ва тавлиди бемории асаб, подоши дигаре надорад.

Аз ин рӯ, ин зуҳуроти номатлубро бояд пешгирӣ кард. Барои пешгирӣ нахуст донистан зарур аст, ки сабабии аслии пошхӯрии оилаҳои ҷавон чӣ ва ё кӣ аст? Барои ҷавоб ёфтан ба ин суол мо назарпурсие анҷом додем.

Сорбони Амонулло, рӯзноманигор:

Ба ҳамдигар эътимод бояд дошт!
-Оила муқаддас аст ва барои побарҷо буданаш бояд тамоми тадбирҳоро андешид.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо имрӯз зиндагиро чун бозичаи кӯдакона мепиндоранд, лекин ҳеҷ гоҳ бояд фикри барҳам додани оиларо дар сар надошта бошем. Ҷавононе, ки оила бунёд мекунанд, бояд аввал якдигарро шиносанд, омӯзанд ва ба хулосаи аниқ омада, сипас зиндагии мустақилонаро шуруъ намоянд... Хамсолони азиз, асоси зиндагиро боварӣ ташкил медиҳад, пас баҳри пояндагии ҳаёти муштарак, ба ҳамдигар эътимод дошта бошед!

Қутбиддин Мухторӣ, омӯзгор:

-Ба ин масъала аз ду нуқтаи назар бояд наздик шуд. Якум масъалаи ахлоқӣ, дуюм аз нигоҳи қонун. Яке аз олимони физики рус, ки дорандаи ҷоизаи «Нобел» аст, гуфтааст, ки ахлоқро бояд тавасути қонун ҷорӣ кард. Дар масъалаи пошхӯрии оилаҳо, масъулияти қонунии тарафҳоро бояд мустаҳкамтар кард. «Кодекси оила»-ро шояд бознигарӣ кард. Яъне, агар масъулият, ҷавобгарӣ дар назди қонун зиёд шуд, пошхӯрӣ камтар мешавад. Қонун бояд сабаби пешгирии пошхӯрии оила гардад. Масъулиятро дар назди занону мардон мушахассан гузорад. Ҳар касе, ки сабаби пошхӯрии оила гардид, бояд ҷазоҳои хеле вазнини молиявӣ ба сари он кас бор карда шавад ва ҳамин чиз хонавайрониро пешгирӣ кунад. Яъне сабаби асосӣ, ҷавобгариҳои сабук аст…

Матлуба Холова, рӯзноманигор:

Аз маърифати баланди калонсолони хона вобаста аст
-Барои устувор мондани оила, саҳми волидайн бояд назаррас бошад. Мо мебинем, ки сабабгори асосӣ дар пошхӯрии бисёре аз оилаҳои ҷавон, сабукӣ, нофаҳмӣ ва рашки беасоси модарон аст. Агар модари домод, келинро ҳамчун духтар қабул кунаду нозукиҳои кори хонаи худро модарвор ба ӯ омӯзонад, зиндагӣ ранги дигар мегирад. Ва ё агар духтар нофаҳмиҳои хонаи шавҳарро ба модараш хабар доду модар ӯро ба сабру таҳамулпазири даъват намуд, шояд лонаи навбунёдкардаи онҳо резу чош нашавад. Муҳим маърифати баланди калонсолони хона аст ва коста будани ҳамин маърифат сабаби ҷудошавии ҷовонон мегардад…
Маҳмадулло Давлатов, равоншинос:
Ҳамсарро бо ишқ не, бо шуур бояд интихоб кард!


-Бештар ба оилаҳои ҷавон савол медиҳам, ки чаро инсон оила бунёд мекунад? Оё ҳадафҳои психологӣ аз бунёди оиларо медонед?

Мутаассифона, то имрӯз ҷавоби қонеъкунанда нашунидам, на аз оилаҳои собиқадор ва на аз оилаҳои ҷавон. Яъне, сабаб омода набудани худи навхонадорон аст. Вақте ҷавон намедонад, ки барои чӣ оила бунёд мекунад, пас аз куҷо ба мушкилоти пешомада тоб меорад? Зеро касе ба онҳо маърифати оиладориро наомӯзонидааст. Касе ба онҳо дар мавриди арзиши оила чизе нагуфтааст. Барои ҳамин худи падару модарро бо донишҳои психологӣ мусаллаҳ кардан лозим, ки ин нозукиҳои оиладориро ба фарзандон омӯзанд. Дар мактаби миёна дарси маърифати оиладорӣ аст, ҷидан ба он бояд эътибор диҳанд. Масъалаи дигар он аст, ки навхонадорон бо дониши психологӣ мусаллаҳ нестанд ва чӣ тавр аз низоъҳои хонаводагӣ баромаданро намедонанд. Мо бояд роҳҳои пешгирии низоъро ба онҳо омӯзонем. Роҳҳои мақбули баромадан аз низоъро нишон диҳем. Навхонадор бояд донад, ки як рӯзе хостаҳо, майлҳо, андешаҳо, хоҳишҳо, фикрҳо андаке ихтилоф пайдо карданаш мумкин ва ба ин омода бошад. Агар дар ин ҳолат ҷавон худро аз вазъият бароварда натавонисту сабукӣ карду зиндагии худро пош дод, пас маълум мешавад, ки мо калонсолон маърифати оиладорию дониши психологиро ба ӯ дода натавонистем. Муҳимтарин талаботе, ки дар солимии оила нақш мегузорад, бунёди бошуурона аст, яъне психологияи ҳамдигарро омӯхтан ва ба ботини якдигар ошно шудан. Бо ишқ не, бо шуур бояд интихоб кард. Издивоҷи бошуурона ва зиндагии ошиқонаро бояд ба роҳ монд, ки мустаҳкамӣ ва устуворӣ таъмин гардад. Дар ин ҳолат касе наметавонад сабаби пошхӯрии оилаҳои ҷавон гардад. Бо мағз, бо шуур якдигарро мешиносанд ва ҳимоя мекунанд…
Мо кормандони ҳафтаномаи «Оила», ҳамдигарфаҳмию лутфу муҳаббатро дар зиндагии хонандагони хеш орзумандем. Оилаатон солим ва хонаатон обод бошад!
Фарзона Маҳмадиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД