arzon replenishment
Чаро раиси ҷамоат худро ба дор овехт?
11.02.2022
Оила
5751

Даст ба худкушӣ задан яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи мост, ки солҳои охир рӯ ба афзиш ниҳодааст.

Андешае роиҷ аст, ки бештар занону духтарон бо сабаби суст будани иродаашон ба хушунату зӯроварии хонаводагӣ ва мушту лагади шавҳар тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезананд, вале мутаасифона гоҳо мардони ҳузарб низ дар ҳилли мушкилоти зиндагӣ оҷиз монда, худро ба дор меовезанд ва ё бо роҳу усулҳои дигар риштаи умрашонро бо дасти худ канда месозанд. Шаби гузашта дар Шаҳритус як раиси ҷамоат худро ба дор овехтааст. Ҷисми беҷони Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритусро дар ҳоле пайдо намудаанд, ки дар ҳалқаи дор алвонҷ мехӯрд. Ҳодиса шаби 10 ба 11-уми феврал сар зада, сабаби даст ба худкушӣ даст задани раиси ҷамоат ҳанӯз маълум нест. Тавре ки Asia Plus менависад, Хушқадам Нодиров 34-сол дошта, қаблан дар вазифаи нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор мекардааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД