Arzon march 2024
Чаро русҳо аз муҳоҷирон метарсанд?
611


Дар Русия тез-тез дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудани хабарҳои пурҳангома дар бораи афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ аҳолии маҳаллиро чунон ба тарсу ҳарос овардааст, ки аксари мардум нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ нафрат доранд ва мехоҳад бегонагон кишвари онҳоро тарк намоянд, вале...
Омбудсмен Борис Титов тарсу ҳароси сокинони маҳаллиро аз хориҷиён беасос хонда, таъкид кардааст, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба мардуми рус на зарар, балки фоида мерасад.

“Ман тарсу ҳароси мардуми русро аз шаҳрвандони хориҷие, ки ба хотири кор кардан ба кишвари мо меоянд, дарк мекунам. Онҳо гумон мекунанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба бехатарии онҳо таҳдид намуда, ҳамчунин ҷойҳои кориро банд мекунанд ва мардуми маҳаллӣ аз нони даҳонашон мемонанд, вале дар асл тарси зодагони Россия ягон асос надорад”-гуфтааст ҳомии ҳуқуқи инсон дар назди президенти Россия Борис Титов.

Титов мегӯяд, васоити ахбори омма дар масъалаи афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар муболиға намуда, дар байни мардум ваҳму воҳима меандозанд, аммо дар асл вазъият он гунае, ки журналистон тавсир мекунанд ва дар интернет менависанд, шадид нест.

“Бори дигар таъкид мекунам, ки тарсу ҳароси мардуми рус дар боби он ки шаҳрвандони хориҷӣ сари ҳар қадам ҷиноят содир мекунанд, асос надорад. Аз рӯйи маълумотҳои Вазорати корҳои дохилии Россия шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби худи шаҳрвандони Россия содир карда мешаванд, нисбат ба ҷиноятҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари мо содир намудаанд, чандин маротиба бештар аст”-гуфтааст Титов дар сӯҳбат бо РИА Новости.

Омбудсмен таъкид кардааст, ки дар масъалаи бозори меҳнатро танг кардани муҳоҷирони меҳнатӣ низ андешаи мардуми маҳаллӣ асос надорад.

“Имрӯз зодагони Россия имкон доранд, ки вобаста ба ихтисос ва дараҷаи донишу касбияташон дар дилхоҳ соҳа ва бо дилхҳз маош фаъолият намоянд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин ҷода монеъи онҳо гашта наметавонанд”-гуфтааст Борис Титов.

Новобаста ба торафт шиддат гирифтани руҳияи муҳоҷирбадбинӣ дар Россия коршиносони самти муҳоҷират ва худи мақомдорони Россия низ таъкид мекунанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши муҳим доранд ва бидуни нерӯи кории хориҷӣ дар бисёр соҳаҳо норасоии кадрӣ ба миён омада, кор пеш нахоҳад рафт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД