orienbank akciya
Чаро шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия роҳ намедиҳанд?
624

 

Муддати чанд шабонарӯз аст, ки беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Россия дармондаанд. Бо баҳонаҳои гуногун онҳоро ба қаламрави Федератсияи Россия роҳ намедиҳанд. Аз ҷумла, дар фурудгоҳи Внуково 954 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дармондаанд. Гуфта мешавад, ки барои дармондагон шароитҳои зарурии санитарӣ фароҳам оварда нашудааст...

Шоҳин Самадӣ: Вазъи тоҷикони дармонда дар фурудгоҳ нигаронкунанда аст

Тавре Лента.ру аз қавли намояндаи масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ навиштааст, “вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Россия дармондаанд, мушкил боқӣ монда, хеле нигаронкунанда аст”.

Консулгарии Тоҷикистон дар Русия бо мақсади кумак ба ҳамватанони хеш штаби фаврӣ ташкил кардааст, ки дар фурудгоҳи Внуково шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Кормандони штаби фаврӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро то ҳадди имкон бо хӯроки гарм таъмин намуда, кӯшиш мекунанд, ки ба онҳо ҳаматарафа ёрӣ расонанд.

Вазъият дар дигар фурудгоҳҳои Россия низ нигаронкунанда аст. Дар фурудгоҳҳои ҳавоии Жуково, Домодедово ва Шереметово низ даҳҳо нафар тоҷиконро нигоҳ дошта, барои ба хоки Федератсияи Россия ворид шудан иҷозат намедиҳанд.

Ҷониби Россия чӣ мегӯяд?

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия масъалаи дармондани беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва хати сарҳади Россия шарҳ дода, гуфтааст: “Санҷишу тафтиши ҷиддии шарҳрвандони хориҷие, ки ба хоки Федератсияи Россия ворид мешаванд, ба ҳодисаи нохуши охир, ки дар “Крокус Сити Холл” рӯй дода, ҷони садҳо одамони бегуноҳро рабуд, алоқамандӣ дорад”.

- Мақсад аз пурзӯр кардани назорат ҳангоми вуруд ба сарзамини Россия миллатгароӣ набуда, балки пешгирии чунин амалҳои террористӣ мебошад. Ин санҷишу тафтишҳо муввақатӣ буда, бар зидди ягон миллат равона карда нашудаанд,- гуфтааст Захарова.

Бидуни зарурат ба Русия сафар накунед!

Дар робати ба ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дод, ки бидуни зарурат ба Федератсияи Россия сафар накунанд.

Дар изҳороти вазорат омадааст, ки ба ҳолати шоми 27-уми апрел дар минтақаи нигоҳдории муваққатии фурудгоҳи ҳавоии Внуковои Маскав бидуни фароҳам овардани шароитҳои лозимии санитарӣ 954 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Дар байни онҳо аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, ки тариқи квотаҳои Ҳукумати Россия ба донишгоҳҳои олии Россия дохил шудаанд, ҳастанд.

Дар изҳорот омадааст, ки аз шумораи умумии нигоҳдоришавандагон пас аз интизориҳои тӯлонӣ танҳо ба 322 нафар иҷозаи вуруд ба Русия дода шуд. Тибқи баъзе маълумотҳо 306 нафар бояд аз қаламрави Россия ихроҷ - депортатсия карда шаванд. Айни замон шумораи касоне, ки бо ҳар баҳона ихроҷ карда шудаанд, ба 27 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ки ба дармондагон ба миқдори зарурӣ хӯроки гарм дода намешавад. Аз ҳамин хотир, намояндагиҳои корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо диаспораҳо штаби фаврӣ ташкил карда, ба қадри имкон ҳамватанони худро бо хӯроки гарм ва оби нӯшиданӣ таъмин менамоянд.

Бори дигар таъкид мекунем, ки ин шабу рӯзҳо вазъият дар Русия чандон хуб нест, бинобар ин, беҳтар аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни зарурат ба ин кишвар сафар накунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД