Шахсоне, ки захми меъда доранд, бояд дар моҳи апрел хеле эҳтиёткор бошанд, зеро ин беморӣ маҳз дар ҳамин давра бештар авҷ мегирад.
Сабаби дар ин давра хуруҷ намудани бемории мазкурро табибон то ба ҳол ба пуррагӣ муайян накардаанд, вале ҳушдор медиҳанд, ки шахсони захми меъда дошта бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро истеъмоли хӯрокҳои сахту бирёнӣ ё асабонияти шадид метавонад боиси хуруҷи шадиди беморӣ гардад. Ҳолатҳое мешаванд, ки зарурати гузаронидани ҷарроҳии фаврӣ пеш меояд. Дар сурати бидуни ҷарроҳӣ бомуваффақият бартараф карда шудани хуруҷи дард низ дар меъда ё рӯда метавонад боз як захми нав пайдо шуда, ҳазми хӯрокро душвортар созад, бинобар ин, эҳтиёт шудан шарт аст.
Чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама ба парҳез риоя намоед. Аз хӯрдани хӯрокҳои сахт, бирёнӣ, хамирӣ ва дигар ғизоҳои дерҳазм, махсусан равғани ҳайвонот худдорӣ намоед. Кӯшиш кунед, ки асабатон ором бошад. Ба ҳар майда-чӯйда аҳамият надиҳед, зеро яке аз сабабҳои асосии хуруҷи захми меъда асабонияти шадид мебошад.