sebiston july new
Дар "Қалъаи Муғ"-и Истаравшан растаи ҳунармандон боз мешавад
215

Аз "Қалъаи Муғ" табарҳое ёфт шудаанд, ки таърихи 10000-сола доранд.

Дар "Қалъаи Муғ"-и шаҳри Истаравшан барои намоиши ҳунарҳои мардумии қадимаи тоҷик 70 растаи ҳунармандӣ таъсис меёбад. Дар ин бора раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки растаи ҳунармандон дар ҳудуди Қалъаи Муғ бо дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис меёбад.

Президенти кишвар дар Паёми солонаи худ берун аз матни паём аз Қалъаи Муғ хотиррасон намуда, тавсия додаанд, ки дар ҳудуди ин мавзеи таърихӣ растаҳои ҳунармандӣ фаъол карда шаванд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки алҳол намунаи ягонаи растаҳо мувофиқа гардида, он бо услуби қадима тавассути хиштҳои маҳаллӣ сохта мешавад. Растаҳо вобаста ба навъҳои ҳунарҳои мардумӣ тақсимбандӣ шуда, ба ҳунармандон ройгон ва бо имтиёз дода мешаванд. Ҳунармандон аз пардохти андоз озод мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки дар "Қалъаи Муғ" корҳои кофтуковҳои археологӣ аз соли 2021 оғоз гардида, то имрӯз идома доранд.

"Дар натиҷаи кофтукови археологӣ аз ҳудуди "Қалъаи Муғ" чоҳҳои зеризаминии обгузар, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, шаҳраки қадимаи Истаравшан ва ду адад табаре ёфт шудааст, ки таърихи 10 ҳазорсола дорад,"-гуфт раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода.

Таъкид гардид, ки соли 2024 дар амфитеатр, ки дар "Қалъаи Муғ" мавҷуд аст, корҳои барқароркунӣ анҷом дода мешавад.

Дар шаҳри Истаравшан 153 ёдгориҳои таърихӣ, 160 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар соли 2023 шумораи сайёҳон 14868 нафарро ташкил дод. Аз ин теъдод 13354 нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 1514 сайёҳи хориҷӣ будаанд. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД