tobiston
Дар ҷанги Эрону Исроил кӯдакон ва занҳои ҳомила кушта шудаанд
82

Шумораи қурбониёни ҷанги Эрон ва Исроил қариб ба 1000 нафар расидааст. Тибқи маълумотҳои охир, ки рӯзи 30-юми июн ҳукуматдорони Эрон нашр намудаанд, бар асари ҳамлаи Исроил ба ин давлати исломӣ 935 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Тавре Асгар Ҷаҳонгир, намояндаи додгоҳи олии Эрон гуфтааст, дар байни қурбониёни ҳамлаи Исроил ба Эрон 38 нафар кӯдакон ва 102 нафар занон мебошанд, ки баъзеашон ҳомила будаанд. Илова бар ин, аз оғози даргириҳо байни Эрон ва Исроил 4 746 тан захмӣ шудаанд.

Аз ҷониби Исроил, бино ба маълумоти нашрияи The Times of Israel, аз ҳамлаҳои мушакии Эрон 28 нафар ҷон бохта, 3 238 нафар захмӣ шудаанд. Айни замон байни ду кишвар оташбас эълон шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД