1xbet
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
50

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид, ки дар он 70 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо ибтикор ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромада, дар онҳо тамоми қишрҳои ҷомеа иштирок намуда, малакаю маҳорати худро нишон медиҳанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ба хотири ташаккул ва боло бурдани завқи этикию эстетикии сокинон, тақвияти маҳорату малакаи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару эҷодкор, ҳунарманд ва дар ин замина баланд бурдани сатҳи ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллию умумибашарӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони ахлоқӣ ва маънавии махсусан наврасону ҷавонон баргузор гардида истодааст.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардида, барномаи фарҳангии ғолибони озмун анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД