Шаби 5-уми феврал дар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷанубӣ-1, ки ба ҶДММ «Маҳмадуллои Давлат» тааллуқ доранд, сӯхтор рух додааст.
Ба иттилои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, оташ ду растаи савдо ва 74 нуқтаи фурӯшро дар масоҳати тақрибан 2000 метри мураббаъ фаро гирифтааст. Сӯхтор соати 00:10 пурра хомӯш карда шудааст.
Барои хомӯш кардани оташ 22 мошини оташнишонӣ, беш аз 200 корманди мақомоти корҳои дохилӣ, техникаи воҳидҳои махсус ва мошинҳои ёрирасони обкашонӣ сафарбар шудаанд.
Сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари молӣ ҳоло маълум нест. Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва натиҷаҳо баъдан эълон мешаванд.
Наворҳои сӯхтор шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба миён оварданд.