goodwell
Дар даври дуюми «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 2677 нафар довталаб иштирок мекунанд
93

Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 2677 нафар довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофики омор дар даври якуми озмун дар саросари кишвар 6245 нафар аз рӯйи панҷ номинатсия иштирок карда, аз ин шумора 2677 нафар ба даврҳои оянда роҳхат гирифтаанд. Бинобар натиҷаҳои ҷамъбастшуда, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 320 нафар, аз вилояти Суғд 632 нафар, аз вилояти Хатлон 896 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 421 нафар ва аз шаҳри Душанбе 408 нафар ба даврҳои минбаъдаи озмун роҳ ёфтаанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- оҳангсозӣ-бастакорӣ;

- сарояндагӣ;

- навозандагӣ;

- санъати тасвирӣ;

- дизайн.

Анӯшервон ИСМОИЛЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД