sebiston july new
Дар Душанбе Карнавали Наврӯзӣ баргузор мегардад
350

Имсол дар шаҳри Душанбе бори аввал карнавали наврӯзӣ баргузор мегардад. Дар ин бора Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
"Наврӯзи имсола бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ бо диди нав дар майдони Истиқлол баргузор мешавад"- навиштааст сомонаи Пресса. ТЧ аз қавли муовини раиси шаҳр.

Ба гуфти Одилзода, ҷашни Наврӯз бо нигоҳи ҷадид дар формати карнавал баргузор мешавад.

Ёдрас мешавеи, ки Наврӯз яке аз идҳои қадимтарини мардумони ориёинажод буда, бо ташаббуси Тоҷикистон ва 11 кишвари дигар, ки ҳамасола ин идро ҷашн мегиранд, ҷаҳонӣ гашта, ба феҳристи “Мероси фарҳангии ЮНЕСКО” дохил карда шуд. Акнун онро дар аксари кишварҳои орлам ҷашн мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД