sebiston july new
Дар қиёмат аз гиребони хушдоманам мегирам!
5472

Салом! Ман Як зани дар нимароҳи зиндагӣ бо фарзандони кӯча зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо қисса кунам.
Зарина ном дорам ва ду сол боз ҳамроҳи фарзандони падардори бе падарам дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаи модарам зиндагӣ мекунам. Вақтҳои охир дар сомонаи Оила. ТЧ хушдоманҳоро таъриф мекунанд, вале шахсан ба андешаи ман хушдоман мор атс, мори заҳрдор!


Хонаи гунҷишкро вайрон кардан убол аст мегӯянд, чунки чӯҷаҳояш ба замин афтида чирик-чириккунон мемонанд, вале модаршӯйи ман, зани рӯзгордидаю ба таври худаш худотарс лонаи гунҷишк не, хонаи фарзанди худашро вайрону набераҳояшро зиндаятим ва пеши пойи мардум намуд. Аз рӯзи аввали зиндагиам ӯ як бурда нони мехӯрдаи маро дар танам заҳр мекард. Нон, озуқаворӣ, мағзу мавиз, ҳатто сабзавотро дар сандуқча андохта, дарашро қулф мекард, хоҳ бовар кунед, хоҳ не, хушдоманам ҳатто ҷорӯби хонарӯбиро пинҳон мекард. Рӯзи дароз гуруснаю ташна гардам ҳам, ба хотири бахт лаб зери дандон гирифта ба ҳамааш тоқат мекардам, то зиндагиам вайрон нашавад. Меваи сабр ширин аст мегӯянд, вале сабри ман меваи талх ба бор овард.
Аз забони хушдоманам мисли мор фақат заҳр мерехт. Саҳар намози бомдодро хонданӣ шуда сари ҷойнамоз шинам, ба кӯча баромада фиғон мебардошт, ки офтоб баромадаасту келини бешарми ман то ҳол хоб аст. «Хонаи духтардор сӯзад, ба тарбияи додааш» гӯён, кампири шаттоҳ кӯчаро ба сараш мебардошт. Доду войи хушдоманамро шунида аз тарс намозамро нимкола хонда, бо чашмони пуроб аз болои ҷойнамоз мехестам ва осемасар ҳавлиро ҷорӯб мезадам. Келини танбал мебудам, аламам намекард, вале рӯзи дароз дар хонаи хушдоман хар барин кор кардану бар ивазаш фақат дашному ҳақорат шунидан ва таҳқиру хорӣ дидан бисёр дарднок аст. Нону хӯрокашро мепухтам, хонаву дарашро мерӯфтам, либосҳояшро мешустам, аммо хушдоманам ҳеҷ миннатдор намешуд. «Сад ҷон канӣ ҳам, барои ман ту бегона будӣ, бегона мемонӣ» гӯён, дасту диламро аз зиндагӣ хунук мекард. Ҷонам ба лабам расиду чӣ мақсад доштанашро пурсидам. «Ситораи хунукатро дидан намехоҳам, сад сол гузарад ҳам, писарамро аз ту ҷудо карда зани дигар медиҳам»,- ҷавоб дод бо ситеза модари шавҳарам.
Акнун худатон андеша кунед, ки баъди чунин суханонро аз забони хушдоман шунидан кадом келин ӯро дӯст медорад ва мисли модари худаш медонад?!
Пурсидам, ки барои кадом гуноҳам писарашро аз ман ҷудо карда зани дигар доданист. Ҷавоби хушдоманам хандаовар буд: «Ту ҷорӯбро як сол истифода намебарӣ, шаммаи чойро бисёр меандозӣ, ба шӯрбо ба ҷойи ду картошка панҷ-шаш картошка меандозӣ, хонаамро касод кардӣ, лаънатӣ!» Ёбеду гиред! Суханони кампир асабҳоямро вайрон карда бошанд ҳам, дигар бо ӯ баҳс карданро ба худ эб надидам. Аниқтараш ҷавоби аблаҳ сукут гӯён, аз паси кору бори худам шудам. Ба ҷойи он ки ман аз ӯ ранҷам, боз хушдоманам ароз карда бо ман қаҳрӣ шуд. Шавҳарам бо якдигар гап назадани моро мушоҳида карда аз модараш сабаб пурсид. Хушдоманам, ки кайҳо боз интизори чунин фурсати муносиб буд, якбора оташ гирифта гуфт:
-Ман аз ин хел келини тиррончак безорам. Занатро пеш кун! Талоқашро деҳ, як ҳафта нагузашта ба ту духтари очааш мучӣ накардаро гирифта медиҳам!
Шавҳарам дар байни обу оташ монда чи кор краданашро намедонист. Косаи сабри ман ҳам лабрез шуд ва гуфтам, ки кампир тамоми чизу чораи хонаро пинҳон мекунад, то кай ман як бурда нонро аз хонаи ҳамсоя талбида мехӯрам. Ягон хонаи алоҳида ёбед, кӯчида равем. Шавҳарам сари дуроҳаи тақдир ҳайрон монда, намеднист чӣ гӯяд. «Занатро аз хона пеш кун, агар ин корро накунӣ, ту дигар фарзанди ман нестӣ!» дод зад хушдоманам.
Ҳамин тавр бо амри очааш шавҳарам талоқи маро дода, кӯчу бандамро ба мошин бор карда ба хонаи падарам оварда партофт. Бахтамро сӯхт хушдоман ва орзуҳоямро дар баҳори умрам хазон кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД