Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2026 чорабинии идона доир гашт, ки дар он муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода, роҳбарияти ноҳияи Ёвон, масъулину кормандон ва бошандагони хона-интернати мазкур ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни чорабании идона муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қудратулло Қурбонзода табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодии 2026 ба самъи ҳозирин расонида, ба ҳар кадоми онҳо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу намуд.
Дар ҷараёни чорабинии идона аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба бошандагони муассисаи номбурда туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.