Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон соҳибкорон аз ду оила - Каримовҳо ва Одинаевҳо амали хайреро анҷом дода, барои ятимон ва маъюбон осоишгоҳ бунёд намудаанд.
Осоишгоҳи нав барои ятимону маъюбон санаи 20-уми июн бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, дорои 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот мебошад.
Дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд ёфтааст, ки баҳри ятимон ва маъюбон шароити муосидро баҳри омӯзиш ва фароғат фароҳам меорад.
Гуфта мешавад, ки дар осоишгоҳ ҳамчунин дар майдони 40 садяк замин гармхона сохта шуда, дар маҷмуъ 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.