Имрӯз, 21-уми октябр нимпайкараи нахустин раисҷумҳури Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд гузошта шуд.
Дар маросими пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкара раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Қаҳҳор Маҳкамов 16-уми апрели соли 1932 дар Хуҷанд ба дунё омада, 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Мавсуф замони Шуравӣ дар мансабҳои баланд кор карда, аввалин ва охирин раисҷумҳури Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1990-1991) буд.