sebiston july new
Дар Маскав бахшида ба бузургдошти мутафаккири тоҷик ҳамоиш доир мешавад
227

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино дар мавзӯи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор менамояд.

Тавре аз Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Oila.tj иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур 20-уми августи соли 2024 дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.

Дар чорабинии мазкур олимон ва муҳаққиқон, коршиносон, алоқамандони осори илмию адабии Ибни Сино, ординаторон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.

Дар рафти ҳамоиш ҷанбаи илмӣ - назариявӣ, таҷрибаи амалии мутафаккири барҷаста дар илми тиб, андешаҳои фалсафавӣ ва педагогӣ, дидгоҳи гуманистии мутафаккирро мавриди омӯзиш қарор дода, коршиносон ва муҳаққиқон мулоҳизаронӣ менамоянд.

Барои иштирок дар чорабинии мазкур хоҳишмандон метавонанд тавассути линки https://forms.gle/7PEZ3zh7JJvFkcNV9 то санаи 15-уми августи соли равон, соати 18:00 ба вақти Маскав худро номнавис намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД