Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2025 дар якчанд муассисаи интихобшудаи таълимии шаҳри Душанбе машғулияти иловагӣ оид ба зеҳни сунъӣ гузаронида мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ ба якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ҷалб гардид. Зимни он гурӯҳи корӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо баргузор намуд. Зимни мулоқот аз ҷониби гурӯҳи корӣ доир ба омӯзиш ва рушди зеҳни сунъӣ, имконияти он дар низоми маориф ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ин иқдом дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми сентябри соли 2022 ба тасвиб расид, амалӣ мегардад.