goodwell
Дар ниҳодҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо мутахассисони баландихтисос намерасанд
42

Дар мақомот ва ниҳодҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо мутахассисони баландихтисос намерасанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон Илёс Идрисзода маълумот дода, гуфтааст, ки норасоии кормандон дар ниҳодҳои давлатӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ташвишовар мебошад.

Ба иттилои директори Агентии хизмати давлатӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 дар мақомати давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Тоҷикистон 3 ҳазору 940 коргар намерасад.

Айни замон дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 22 ҳазору 861 ҷойи корӣ ҳаст, вале танҳо 18 ҳазору 921 ҷойҳои корӣ ишғол карда шудаанд, ки 82,7%-ро ташкил медиҳад. Ба қавли Идрисзода, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо талош доранд ҷойҳои холиро пур кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД