1xbet
Дар ноҳияи Мастчоҳ мавсими пахтачинӣ оғоз шуд
74

Зимни шиносоии масъулин бо ҷараёни ҷамъоварии пахта аз хоҷагии деҳқонии «Ғуфронзодаҳо»-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар 44 гектар навъҳои гуногуни пунбадонаи элитаи чинӣ кишт карда шудааст. Хоҷагидорон ният доранд аз ҳар гектар то 50-сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Соли равон танҳо дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар 2770 гектар пахта кишт карда шудааст. Кишоварзон бо истифодаи таҷриба ва усулҳои нави агротехникӣ талош доранд сатҳи ҳосилнокиро боло бурда, нақшаи пешбинишударо сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд.

Имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 280 гектар чигит кишт намудаанд. Интизор меравад, ки бо заҳмати содиқонаи деҳқонон ва истифодаи таҷрибаи муосири агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД