toyota motors
Дар ноҳияи Темурмалик як соҳибкор барои ду ҳамдеҳааш хонаҳои нав сохтааст
154

Дар ноҳияи Темурмалик соҳибкори хайрхоҳ барои ду ҳамдеҳааш, ки манзили зисташон дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, хонаҳои нав бунёд кардааст.

Соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Ҷамилов дар деҳаи Танобчии поёни ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик барои ҳамдеҳагонаш Уғулой Муғолова ва Отабек Кенҷаев, ки манзилашон кӯҳнаю фарсуда буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, хонаҳои нав бунёд намудааст.

Уғулой Муғолова зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ду фарзанди маъюб дошта, худаш низ бемор аст ва аз сабаби камбизоатӣ ҳатто орзуи таъмир кардани хонаи кӯҳнаю фарсудаашро надошт, зеро на пул дошт ва на қувваи корӣ, вале соҳибкори хайрхоҳ Дилшод Ҷамилов, ки ҳамеша ба оилаҳои ниёзманд кумак мерасонд, манзили ӯро бозсозӣ кардааст.

“Дилшод ҳар моҳ ба оилаҳои ниёзманд, ки шумораашон аз 15 оила боло аст, 300 сомонӣ кумак мерасонад. Дафъаи охир вақте ба хонаи мо омад, аҳволамонро дида, ваъда дод, ки хонаамонро аз нав месозад»,-қисса кардааст ин зан.

Корҳои сохтмонии манзили зисти Уғулой Муғолова аллакай ба анҷом расида, коргарон ба рангубор ва таъмири даруни хона машғуланд.

Соҳибкори хайрхоҳ хонаи Отабек Кенҷаевро ҳам бозсозӣ карда истодааст ва чанд нафар сокинони маҳаллӣ ба сохтмони хонаи ӯ ҷалб шудаанд. Соҳибкори саховатпеша натанҳо хонаи Отабек Кенҷаевро аз нав сохт, балки чанд нафар ҳамдеҳаашро низ бо ҷойи кор ҳам таъмин намудааст.

Манзили Отабек Кенҷаев низ дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст.

«Агар дастгирии ҳамин соҳибкор намешуд, дар боронҳои шадид хонаамон чаппа мешуду шояд ягон ҳодисаи нохуш рух медод, зеро чанд ҷойи деворҳои хона кафида буданду боми он мечакид, вале мо шароити аз нав сохтани хонаро надоштам”,- гуфтааст Кенҷаев.

Дилшод Ҷамилов ҳамчун соҳибкори хайрхоҳ дар ин минтақа ном бароварда, қаблан роҳҳои байни деҳаро бетонпӯшу шағалпӯш карда, барои таъмини бехатарӣ ва наздик шудани роҳ барои сокинон дар болои канали обгузар чандин кӯпрук сохтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД