Arzon march 2024
Дар Россия мошинфурӯширо ба муҳоҷирон манъ карданд
756

Фишор нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия торафт бештар мешавад. Боз дар ду минтақаи Россия - Челябинск ва Краснодар кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро дар 19 бахш манъ карданд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, губернаторони ин ду минтақа Алексей Текслер ва Вениамин Кондратьев алакай дар бораи манъ намудани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар 19 бахш қарор қабул кардаанд. Қаблан дар Челябинск ба сифати таксист ё ронандаи автобус кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ манъ шуда буд ва ба муҳоҷирон боз дар чандин соҳаи дигар кору фаъолият намуданро манъ карданд.

Тибқи хабарҳои нашршуда, губернатори Челябинск бо қарори наваш машғул шудани муҳоҷирони меҳнатиро ба хизматрасониҳои пулӣ, ба монанди фаъолияти суғуртавӣ, нафақа, бокортаъминкунӣ, интихоби кадрҳо, ташкил кардани лоторея ва бозиҳои бурднок манъ кардааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд минбаъд дар ин минтақа ҳатто ба таъмири компютер ва техникаи маишӣ, аз қабили кондитсионер, мошини ҷомашӯӣ, чойники барқӣ ва ғайра машғул шаванд. Ҳамзамон муҳоҷирони меҳнатӣ дар Челябинск аз ин пас наметавонанд ба сифати фурӯшанда, ҳуқуқшинос, тарҷумон, бухгалтер, духтури ҳайвонот ва мураббии фитнес низ кор кунанд. Харидуфурӯш ва таъмири мошин низ ба муҳоҷирон манъ карда шудааст.

Дар Краснодар бошад, шуруъ аз 22-юми сентябри соли 2024 шаҳрвандони дигар давлатҳоро дар соҳаи хоҷагии кишлоқ ба кор намегиранд. Фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахши фарҳанг ва меҳмонхонаҳо низ манъ карда шудааст. Муҳоҷиронро аз ин пас ҳатто барои корҳои хоҷагӣ киро кардан мумкин нест.

Дар сурати вайрон кардани тартибот ва ба кор гирфтани муҳоҷирон дар соҳаҳои номабурда корфармоён барои ҳар як муҳоҷири меҳнатии ба кор гирифтаашон то як миллион рубл ҷарима карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Краснодар дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ, маориф, тандурустӣ, спорт, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳатто ба ҳайси курер кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро манъ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД