Шуруъ аз 1-уми январи соли 2026 дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо тариқи электронӣ-компютерӣ имтиҳон гирифта мешавад.
Маркази федералии имтиҳоноти тестӣ системаи нави имтиҳонии “ЭкзаМ»-ро коркард намудааст, ки тавассути он рафти имтиҳонот- бақайдгирӣ, видеоидентификатсия, иҷро кардани супоришҳо, ҳисоб кардани натиҷаи ҷавобҳо ва сабти додани шаҳодатнома автоматӣ кунонида мешавад.
Тибқи маълумоти “Рособнадзор”, натиҷаи имтиҳон ҳамагӣ 10 сония пас муайян гашта, сертификатро худи ҳамон рӯз гирифтан мумкин аст.