arzon replenishment
Дар Русия махзани ягонаи муҳоҷирон пурра карда мешавад
671

Мақомот ният доранд, ки рӯйхати маълумотро дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Феҳристи федералии аҳолӣ мавҷуданд, ҳамчун манбаи ягонаи маълумот дар бораи ҳамаи сокинони Федератсияи Русия васеъ кунанд.

- Шартнома барои корҳои дахлдор дар портали харидҳои давлатӣ аз ҷониби Хадамоти федералии андоз ҷойгир карда шудааст,- менависад РБК.

Тибқи қарори мақомот, маълумот дар бораи иқомати хориҷиён дар давоми 6 моҳ то 90 рӯз дар Русия ба феҳрист ворид карда мешавад.

Ташаббус ба дастури нахуствазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар пайи натоиҷи иҷлосияи стратегии “Сиёсати муҳоҷират” ҷорӣ шудааст. Арзиши шартнома қариб 71 млн рублро ташкил медиҳад.

Айни замон дар он танҳо маълумот дар бораи муҳоҷироне, ки дар кишвар муддати тӯлонӣ мемонанд, ҷо дода мешавад.

Дар ин рӯйхат маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба муддати то 90 рӯз ба Русия сафари сайёҳӣ, тиҷоратӣ ё меҳмонӣ мекунанд, мавҷуд нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД