Думаи давлатии Русия қонунеро дар бораи сахттар кардани талабот ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар хониши дуюм ва сеюм қабул кард.
Тибқи тағйирот, муҳоҷироне, ки назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, бояд пешпардохти андоз аз даромадро анҷом диҳанд. Ҳамчунин онҳо бояд имкони таъмини молиявии худ ва аъзои оилаашонро мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда нишон диҳанд. Инчунин фарзандони онҳо метавонанд танҳо то замони амал кардани иҷозаи кори падар ё модарашон дар кишвар бимонанд. Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ, дар давоми 30 рӯз бояд иҷозаи кори мустақил гиранд ё Русияро тарк кунанд.
Илова бар ин, муҳоҷирони корӣ вазифадор мешаванд, ки ҳар сол ба мақомоти дахлдор маълумот дар бораи даромад ва пардохти андоз пешниҳод кунанд.