Commerce bank may-june 2026
Дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон кӯдаконро беназорат нагузоред!
26.05.2026
Oila.tj
93

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини амнияти кӯдакон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо иштироки ноболиғон, аз волидайни наврасон даъват менамояд, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон фарзандони худро дуру дароз беназорат нагузоранд.

Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки волидон бояд аз беҳудагардӣ, шабгардӣ ва оворагардии кӯдакон пешгирӣ намуда, онҳоро ба иҷрои корҳои муфид ҷалб созанд.

Инчунин, бо мақсади таъмини фазои орому идона ва пешгирии машғул шудани баъзе шаҳрвандон ба талбандагӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт рейду чорабиниҳои профилактикӣ пурзӯр карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғон содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, нисбати волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда барои беэътиноӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ, инчунин нисбати шахсоне, ки ба талбандагӣ машғуланд, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД