Дар шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ тавассути сӯзонидани партовҳо бунёд карда мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, масъалаи рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ тавассути сӯзонидани партовҳо дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти маҷозии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далери Ҷумъа ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарияти ширкати чинии «Wangneng Environment» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаи мазкур, ки ба ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба коркарду истифодаи партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ равона гардидааст, табодули афкор намудаанд.