goodwell
Дар шаҳри Ҳисор Гулгашти Дуои модар ба истифода дода шуд
11.08.2026
Oila.tj
127

Имрӯз, 11-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ба анҷом расонида шудаанд. Гулгашт дар масоҳати 0,40 гектар ҷойгир буда, ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ 27 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардидаанд.

Гулгашти Дуои модар дорои муҳити сабзу хуррам буда, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг, дарахтони сояафкан ва дигар навъҳои растаниҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Чароғонкунии гулгашт низ ба симои он ҳусни тоза бахшида, шароити мусоидро барои сайругашт ва истироҳати сокинон фароҳам овардааст.

Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст, ки ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин сарчашмаи меҳру муҳаббат - модар мебошад.

Зимни шиносоӣ бо гулгашти Дуои модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти мақоми модар ва эҳтироми ӯ ҳамчун муқаддастарин шахс дар ҳаёти ҳар инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Ҳамчунин, таъкид намудаанд, ки модар шахсияти бузург ва муқаддас буда, эҳтиром ва қадрдонии ӯ қарзи фарзандии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД