sebiston july new
Дар шумораи №7-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
1555

Дар саҳифаи 2 таҳти унвони “Мануэл Микаллер: Калифорнияро дар Тоҷикистон ёфтам” бо сафири ИМА дар ҶТ ҷаноби Мануэл Микаллер перомуни масоили марбут ба оила ва оиладорӣ ва нақши он дар рушд ва такомули инсон мусоҳиба дарҷ гардидааст.

“Аз ҷабри шавҳар уксус хӯрду...” маводи таҳлилӣ дар мавриди ҷабру зулми мардони тоҷик нисбати занон дарҷ гардидааст. Дар маводи мазкур андешаи сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ ва ҳамзамон нуқтаи назари руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо дар мавриди зӯроварӣ дар оила, хусусан нисбати ҷинси зан дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқшиноси “Оила” ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи “Оила” адвокат Зафар Қурбонов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат занг занед.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон ба номаи як муҳоҷири тоҷик таҳти унвони “Барои мактабҳои Русия кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?” посухро мутолиа намоед.

Дар “Ошхонаи “Оила” сароянда ва бонуи хеле зебо Шабнами Тоҷиддин барои мухлисони худ хӯриши “Садбарг” омода месозад.

Қиссаи “Арӯси ҳиллагар” бори дигар ҷавононро ба андеша водор месозад, ки ба ишқбозиву муҳаббати интернетӣ дода нашаванд, вагарна мисли қаҳрамони қиссаи мазкур умре ангушти пушаймонӣ газида, бадбахту хонавайрон мешаванд. Қабл аз он ки бо нафаре издивоҷ мекунед, қабл аз тӯй ҳатман як бор бо арӯсатон дидорбинӣ кунед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоувомен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии аниматор ва ҳунарпешаи шинохта Амина Ҳафизова маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед. Дар шумораи навбатӣ ба саволҳои “Ҳадис дар бораи хурмо саҳеҳ аст?”, “Таъмири масҷид бо пули закот”, “Пешинро бо вақти Русия хонем?”, “Ёсин” бо хатти кириллӣ”, “Зан ҳуқуқи талоқ карданро дорад?, “Таъмини зан баъи талоқ”, “Хешовандони занамро ба Ҳаҷ барам” посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи “Никоҳ бо хеш дар хоб чӣ маъно дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” суҳбати тахассусӣ бо сарояндаи хубу маҳбуб Ҷамшед Исмоилов бобати ҳолати шоу-бизнеси тоҷик ва мушкилоту муваффақияти соҳаи мазкур мусоҳибаро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД