sebiston july new
Дар шумораи №8-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
1577

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Зане, ки соҳиби се касб аст” аз пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти кории Зайнура Раҷабова, ки соҳиби се касб ва зани баҳунару панҷ панҷааш ҳунар аст, мавод дарҷ гардидааст.

Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Зани дуюм шуда, гунаҳкор шудам?” яке аз мушкилоти маъмултаринро, ки дар ҷомеаи суннатии мо боиси душвориҳои зиёд гардидааст, мавриди баҳсу мунозира қарор медиҳад.

“Арӯсамро аз мактаб ёфтам” сарнавишти ҷавонмарде аст, ки бори аввал дар мактаб ба духтаре ошиқ шуда, то ба охир дар ишқи худ содиқ мемонаду баъдан ҳарду издивоҷ намуда, имрӯз зиндагии хушу хурсандона ба сар мебаранд.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон ба номаи як муҳоҷири тоҷик таҳти унвони “Роҳҳои осони ёфтани хонаи иҷора дар Русия” посухро мутолиа намоед.

“Шавҳарам зани рафиқашро гирифт” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қисса воқеӣ буда, барои зану мардони оиладор ибратомӯз аст ва ҳушдор месозад, ки оила макони муқаддас асту онро бояд покиза нигоҳ дошт.

Дар “Ошхонаи “Оила” ҳунарпешаи маҳбуб ва пурҷиллои театру синамои тоҷик Моҳпайкар Ёрова барои мухлисони худ дамламаи биҳигӣ омода месозад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати зиндагии шахсӣ ва пайроҳаи эҷодии наттоқ ва продюсери маҳбуб Беҳрӯз Насриддинов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Қоидаҳои часпонидани миҷгони сунъӣ?” ва “Экзема даво дорад?” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед. Дар ин шумора ба 5 савол оид ба закот посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи “Гург дар хоб душману муш зани маккора аст?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои ирсолнамудаи хонандагони ҳафтаномаро таҳти унвони “Хушдоманам ба ваъдааш вафо карду...”, “Дар тӯйи додарам рақсидаму зиндагиям талх гашт”, “Дӯстдоштаам бемор будаасту...”мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагӣ ва фаъолияти шахсии ҳаҷвнигор ва блогери шинохта Алишер Султонов мусоҳибаро мутолиа намоед. 

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД